- як
- [يک]1. шумораи миқдорӣ адади аввалин2. ҳамчун артикли «е»: як нафар нафаре; як нафас нафасе; як рӯз рӯзе, дар яке аз рӯзҳо; дар як зум дар лаҳзае, дар оне3. ҷонишини номуайян; як-ду чанд; як дараҷа то андозае, то ҳадде; як навъ ба навъе, ба тарзе, ким чи хел; қадар то андозае, каме; кадом як ба кимкадом (чизи номуайян)4. баробар, якхела (ин ба он ё он ба ин); як ба як а) алоҳида-алоҳида; б) сар ба сар, батафсил, аз як сар; як дунё (олам) ниҳоят бисёр, хеле зиёд; як миқдор каме, камтар; як сари қадам (по) масофаи наздик ба ягон нуқтае, маконе ҳангоми роҳ рафтан; як тану як ҷон муттаҳид, муттафиқ; як тиру ду нишон бо як ҳаракат ба ду чиз соҳиб шудан; як умр тамоми умр; яку якбора ногаҳон, дафъатан; як хел монанд, баробар; аз як сар аз аввал, аз ибтидо, аз аввал то охир, ҳамагӣ; бо як забон муттафиқона, муттаҳидона; якаш ду намешуд дар зиндагиаш бартарие вуҷуд намеомад, чиз андӯхта наметавонист; як гапи касеро ду накардан гапи касеро нагардондан, гуфтаҳояшро ҳатман иҷро кардан; як дилу як ҷон (тан) шудан муттаҳид шудан, муттафиқ гаштан; яки касеро ду гуфтан гапи касеро гардондан, гуфтаашро накардан; як кардан муттаҳид кардан; як кор накарда намемонд ҳатман зарар мерасонд; якро сад кардан хеле муболиға кардан, хеле афзудан (чизеро); як чашм пӯшида кушодан фурсати андак, лаҳзае, онан; як чиз шудан ягон воқеае рӯй додан; як шудан муттаҳид шудан; як қад паридан банохост аз чизи ногаҳонӣ тарсидан; ба як пул нагирифтан қадр накардан, ба эътибор нагирифтан; як-як а) паси ҳам, ба навбат, аз як сар; б) якто-якто, яктоӣ; в) ҷудо-ҷудо, алоҳида-алоҳида, ҳар яке
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.